Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва муҳтавои Стартегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва қарори протоколи Шӯрои олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз 18.04.2018 дар факултети забонҳои хориҷӣ соати тарбиявии кушод таҳти унвони “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад” таҳти роҳбарии сармуаллим Саидов М.М. ва бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра бргузор гардид. Дар чорабинӣ сармутахассиси пешбари шуъбаи тарбия, дотсент Ӯлмасов М. ва устодону донишҷӯён иштирок намуднд.
Дар дарси мазкур маърӯзаҳои устодон ва донишҷӯён доир ба мавзӯи “Терроризм ва террорист” шунида шуд.
Дар анҷоми дарси кушод сармутахассиси шуъбаи тарбия, дотсент Ӯлмасов М. баромад карда, зикр дошт, ки дарси мазкур яке аз дарсҳои намунавӣ буда, ташкил ва гузаронидани ин гуна дарсҳо боиси баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







