Бо иқдоми ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷ. Ҳ. ва татбиқи амалии шартномаи дутарафа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони таҳсилоти касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисоси омӯзгорон барои устодони факултетҳои забонҳои шарқ, педагогӣ, филологияи тоҷик ва кафедраи умумидонишгоҳӣ таъсис дода шуд. Курси мазкур таърихи 17-уми апрели соли 2008 оғоз ёфта, то санаи 4-уми май соли роиҷ идома хоҳад пазируфт, ки дар ҷараёни он сомеони курси сайёри равияи гуминатарӣ аз фанҳои забони форсӣ, забони форсӣ ва забони тоҷикӣ, масъалаҳои баҳсноки имлои забони тоҷикӣ ва забони арабӣ таълим хоҳанд гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил







