ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РАВАНДИ АЪЗОШАВИИ ДОНИШҶӮЁН БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ
2017-09-29

Тибқи ҷадвали таҳия кардаи садорати китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯён ва мураббиёни гурӯҳҳо, махсусан мураббиёни курсҳои аввали факултети педагогӣ тасмим гирифтанд бо донишҷӯёни худ ба рӯзи дарҳои кушоди китобхонаи марказии донишгоҳ ширкат варзанд. 
Дар ин самт факултети педагогӣяке аз аввалинҳо шуда, барои ҷалби бештари донишҷӯён ва олимони ҷавони факултет ба китобхона кӯшиш намудааст.
Хусусан, зиёда аз 120 нафар донишҷӯёни факултети педагогӣ ба шӯъбаи муштариёни китобхона аъзо гардида, аз тарзи истифодабарии чиптаҳои хониш ва истифодаи босамари феҳристи китобхона ошно гардиданд. 
Ҳамзамон дар рӯзи дарҳои кушоди китобхонаи марказӣ ба иштирокчиён китобҳои нодир ва тозаэҷод намоиш дода шуд.
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:586 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар