Бахшида ба Рӯзи ҷавонон субҳи имрӯз дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сатҳи баланд баргузор гардид. Мулоқотро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда қайд намуд, ки “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар нақши созанда дорад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардҳои Донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд ва умед кард, ки устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат минбаъд низ аз сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва тараққиёти соҳаи хоҷагии халқ саҳми худро мегузоранд”.
Ҳамчунин мавсуф нақши шахсиятҳои муътабари илму маорифро дар ин замина ёдрас шуда, аз хидматҳои бузурги чун Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, Шоирони Халқии Тоҷикистон Доро Наҷот, Аҳмадҷони Раҳматзод, шоирону адибони номваре чун Аминҷон Шукуҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Баҳром Фирўз, академикон Пулод Бобокалонов, Носирҷон Салимӣ, Қаҳрамонони ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммад Миров ва дигаронро ёдоварӣ намуд.
Зимни мулоқот Раиси вилоят аз ҷомеаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли худшиносӣ ва ватанпарастӣ кишвар боз ҳам бештар саъю кӯшиш намоянд. Нагузоранд, ки ҷавонони моро ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ барои амалӣ намудани марому мақсадҳои сиёҳи худ истифода баранд. Дар ин самт Раиси вилоят саҳми устодонро ҷиҳати пешгири ҳаводиси номатлуб назаррас дониста, барои тадбирҳои наву созандаи минбаъдаашон маслиҳатҳои муфдид дод.
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо устодон ва донишҷӯён дар арафи Рӯзи ҷавонон рамзи нек буда, далел аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати кишвар ва МИҲД вилояти Суғд мебошад. Мулоқот дар фазои озод доир гардид ва дар он устодону донишҷӯён ба Раиси вилоят дархост ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Ифтитоҳи осорхонаи этнографӣ, зиёд намудани теъдоди гирандагони стипендияҳои Раиси вилоят, ташкили корвони сайёҳӣ, таъсис додани Маркази дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки дар ҷаҳон бо номи “Стартап”дар вилоят аз мавзӯъҳои асосии устодону донишҷӯён буд, ки ҷиҳати амалӣ намудани онҳо Раиси вилоят масъулинро маваззаф намуд.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед дар суханронии худ ба Раиси вилоят ҷиҳати мусоидат ва гузаронидани чунин мулоқоти судманд миннатдорӣ намуд ва Раҷаббой Аҳмадзодаро бовар кунонд, ки ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ барои пешрафт ва ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебанданд.
Барномаи фарҳангии ансамбли “Навои ҷавонӣ” ва донишҷӯёни факултети санъат манзури иштирокдорони мулоқот гардид, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Маркази иттилоот ва таҳлил







