ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЁДЕ АЗ МАКСИМ ГОРКИЙ
2018-05-02

Дирӯз  дар китобхонаи донишгоҳ аз тарафи  аҳли  ҷомеаи кафедраи адабиёти рус ва хориҷа конфронси илмӣ-адабӣ  таҳти  унвони «Горьковское чтение»  ташкил  ва гузаронида шуд.  Кофронси илмӣ ба 150-солагии асосгузори адабиёти муосири  рус М.Горкий  бахшида шуд. 

Мудираи кафедраи мазкур ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, оид ба фаъолияти адабӣ  ва саҳми босазои  М.Горкий дар тараққиёти адабиёти муосири рус маърӯза кард. Сипас, донишҷўён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М.Горкий, асарҳои барҷастаи ў ва дар бораи романи «Модар» баромад намуданд.  Дар рафти конфронси илмӣ донишҷўён аз романи М.Горкий «Модар» саҳнаҳо  ба ҳозирин   намоиш доданд.  Ҳадаф аз баргузории ин конфронс донишҷўёнро дар равияи адабиётшиносӣ, хониши асарҳои бадеӣ, худшиносӣ, донистани адабиёти рус тарбия намудан аст.

 Дар анҷоми конфронс  дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа Шарипов В.А.

суханронӣ намуда, ҳозиринро бо тантанаи 150-солагии М.Горкий табрик намуд.                  

                                                                                     Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:662 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар