ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ФАРҲАНГӢ ОИЛАДОРӢ”
2018-05-02

Дар ҳама давру замон тамоми бурду бохти зиндагӣ ба кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин лиҳоз давлат ба оила чун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд «Ҷомеаи солимро наслҳои солим ва оилаҳои солим барпо мекунанд».

Дирӯз бо мақсади пешгирии ҷавонон аз амалҳои террористиву экстремистӣ, ки оқибатҳои манфии он ҳам ба оила, ҳам ба ҷомеа таъсир мерасонад, маҳфили навбатии “Фарҳанги оиладорӣ” дар толори калони раёсати  донишгоҳ баргузор гардид.

Дар маҳфил беш аз  донишҷўёну  устодони донишгоҳ  ширкат намуда, якчанд маърўзаҳои пурмуҳтаво аз тарафи устодон , аз ҷумла маърўзаи муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ Шарипова М.Ҳ.«Нақши оила дар пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои экстремистиву террористӣ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ » шунида шуд. Аз тарафи донишҷўёни факултети  молия ва иқтисодиёти бозор барномаи фарҳангию адабӣ, саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:627 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар