ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ, ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ ВА НАШЪАМАНДӢ”
2018-05-03

Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин ҷабҳаҳои тарбиявию ахлоқиро низ фарогир аст.

Баҳри дастгирии суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ бо кормандони ХПҲНҶ  Раёсати ВКД- и ҶТ ва донишҷӯёни факултетҳои ғайритахассусӣ вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, экстремизм, терроризм ва нашъамандӣ” гузаронида шуд. Вохӯриро мудири кафедари умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Алимухамедова Н. ҳусни оғоз бахшид.  

Подполковник Турсунов Н. Д. оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ ба монанди  Салафия ва ҲНИТ  баромад намуда, қайд кард, ки айни ҳол дар тамоми дунё, масъалаи терроризм – экстремизм ва нашъамандӣ ба зуҳуроти нангини ҷаҳонишавӣ мубаддал гаштааст. Ҳамчунин Турсунов Н. Д. оид ба Қонунҳои “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гуфта гузашта, бо донишҷӯён оиди ин қонунҳо саволу ҷавоб намуд. Дар фарҷом донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифтанд.  

 

                                                                          Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:624 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар