ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОН ҲАЁТИ СОЛИМРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД
2018-05-03

Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ ва фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин мутассадии маҳфили тарбиявии “English speaking Club” дар факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрӣ бахшида ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1409 аз 13.02.2013 дар бораи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013 - 2020” дар мавзӯи “Ҷавонон ҳаёти солимро интихоб мекунанд” бо корманди “Маркази наркологӣ” Маҳмудов Саидаҳрор барпо гардид.

Чорабинии мазкурро мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ н.и.ф. сармуаллима Азимова С.Р. ифтитоҳ намуданд.

Корманди “Маркази наркологӣ” оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1409 аз 13.02.2013 дар бораи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013 - 2020” сухан карда,  қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро ташвишовар ҳисобида, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморидааст ва дар ин ҷода тайи солҳои охир корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳуриамон боз ҳам тақвият додани муқовимат бо маводи мухаддир ва татбиқи талаботи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013 – 2020 ва дигар санаду барномаҳои соҳавӣ вазифаи Агентии назорати маводи нашъаовар, ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва сохторҳои низомӣ буда, донишҷӯён низ ба он даъват карда шуданд, ки оиди ин масъала бетараф намонда, барои дастгирӣ ва пешгирии нашъамандӣ саҳми худро гузоранд.

Ҳамчунин корманди маркази наркологӣ оид ба нашъа, хусусиятҳои он, мубтало гаштан ба доми нашъа ва оқибат ба бемории ВНМО гирифтор шудан сухан карда, иброз кард, ки ба қатори маводҳои мухаддир нашъа ва ҳатто нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку ва нос низ дохил мешаванд, ки донишҷӯён бояд худро аз он дур созанд. Ҳамаи маводҳои мухаддир зараровар буда, шахс, оила ва ниҳоят ҷомеаро вайрон месозанд.       

Донишҷӯён  дар мавзӯъҳои “ВНМО ва хатарҳои он”, “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он” ва ғайраҳо  маърӯза намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:624 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар