ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ОМЎЗГОР
2017-10-02

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи кишвар ба рушди маорифи миллӣ ва фаъолияти ташаккулдиҳандагони афкори ҷомеа – омўзгорон вобастагии қавӣ дорад.
Воқеан ҳам омўзгор шарафмандтарин фарди ҷомеа аст ва ў ҳамеша машъали фурўзони илму маърифат дар даст дораду мардумонро ба ҷодаҳои некиву ростӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд.  Ҳамин аст, ки бо фарорасии моҳи октябр дар якшанбеи аввали он ҷашни зиёиёни пешқадами мамлакат – Рўзи омўзгор бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу бошараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллати азиз бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба омўзгорон эҳтироми самимӣ доранду ҳамеша таъкид аз мақому манзалати волои онҳо мекунанд, ба нақши устодони кори таълиму тарбия  дар ташаккули шахсиятҳои номбардори миллат баҳои баланд дода, қайд кардаанд: «Маҳз омўзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад».
Дар ин рўзҳои саодатбор – иди касбии омўзгорон зикру талош ва заҳматҳои фаровони устодони гиромӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишварамон ҷиҳати таълим ва тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва ҷавобгў ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ ба маврид аст. Зеро дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавии босуръат танҳо мутахассисони баландпоя аз ўҳдаи мустаҳкам намудани пояҳои давлат ва рушди минбаъдаи он баромада метавонанд. 
Замони мо замони дастовардҳои бузурги илмиву техники ва кашфиёти нав ба нави акли инсонӣ мебошад, ки роҳ ба сўи онҳо аз мактабу маориф ва низоми дурусту муосири таълим ибтидо мегирад. 
Дар ин замина, ҳайати устодону профессорони донишгоҳ бо шукргузорию саодат аз таваҷҷўҳу эътибори хосаи Сарвари давлат ҷиҳати болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, вусъати корҳои илмӣ – тадқиқотӣ саъю кўшиши зиёде ба харҷ медиҳанд. Як зумра дастовардҳоеро, ки солиёни охир ҷомеаи маъвои маърифатамон ба онҳо соҳиб гардид, метавон самараи ҷидду ҷаҳди устодони кори таълиму тарбия арзёбӣ кард. 
Ба ин маънӣ, имрўз устодони соҳибкасби донишгоҳ, ки теъдодашон хеле зиёд аст,  бо дили гарм, нақшаву ниятҳои наҷиб ва азму иродаи нек рисолати касбии худро бо сари баланд адо карда, барои бо натиҷаҳои дилписанд истиқбол гирифтани ҷашни муборак 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар фаъолият мебаранд. Зеро онҳо нағз медонанд, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф ба таври бунёди баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб мегардад.
Бо фаро расидани иди касбии устодони соҳаи таълиму тарбия Шумо - устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ, дар шахси Шумо тамоми тарбиятгарони насли наврасро аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ сидқан табрику муборакбод гуфта, барояшон дар иҷрои рисолати наҷиб – тарбияи наслҳои созандаю бунёдкор равнақу барорҳо таманно мекунам. 
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:470 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар