ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶЎ
2018-05-04

Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ  ва садорати факултети геоэкология  моҳи апрели соли ҷорӣ ду нафар донишҷўёни факултети геоэкология Шерматов Б. ва Ғуфронова З. таҳти роҳбарии  профессор Абдураҳимов С. дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба "Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ", ки  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  иштирок намуданд. Зимни ҷамъбасти Олимпиадаи мазкур маълум гашт, ки донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ натиҷаҳои хуб нишон додаанд ва Шерматов Б. сазовори ҷойи дувум гардида, ба олимпиадаи байналмилалие, ки имсол тобистон дар  шаҳри Олматои Қазоқистон баргузор мегардад, роҳхат гирифт. Донишҷўи дигар Ғуфронова З. низ барои иштироки фаъолона дар ин чорабинӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти Олимпиадаи мазкур бо ифтихорнома сарфароз гардид.

                                                                                                Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:703 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар