Бо ташаббуси Раиси созмони ҷавонони факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯён чорабинии тарбиявӣ бахшида ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 776 аз санаи 12.11.2016 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” таҳти унвони “Ҷавонон дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа” барпо гардид. Дар ин чорабинӣ садорати факултет, устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён оид ба мавзӯъҳои гуногун маърӯза намуданд.
Чорабиниро мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ, номзади илмҳои филологӣ Азимова С. ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки солҳои охир дар тамоми кишварҳои дунё гурӯҳҳои ифротӣ дарёфт мешаванд, ки зидди кишвари худ баромада, ҷавонону наврасонро ба чунин амалҳои бад ба мисли террористию экстемистӣ ҷалб мекунад. Инчунин, дар суханони худ ӯ ҷавононро дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи ободонии кишвари азизи худ, ба роҳи нек, пиндори нек ва рафтори нек амал намудан, ҳидоят намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







