Донишгоӽи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиӽати супориши Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон, бо мақсади амалӣ намудани Паёми Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон, муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олӣ ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон таӽти № 150 аз 20.01.2016с. ва раӽнамоии ректори донишгоӽ ӽар сол устодону омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Тавре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “....ҷиӽати ташкили курсӽои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корӽо дар ин самт ба Ӽукумати мамлакат ӽар сол гузориш диӽанд”.
Соли таӽсили 2017-2018 тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти № 636 аз 20.12.2017с. (25.12.2017 -11.01.2018с.) ва шартномаи дутарафа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 10 –нафар омӯзгорони факултети молия ва иқтисодиёти бозор ва телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо равияи иқтисодӣ, бо фармоиши ректори донишгоҳ таҳти № 173 аз 13.03.2018с. бо равияи гуманитарӣ 30-нафар омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ, педагогӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, фалсафа ва психологияи умумӣ аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.
Бо фармоиши ректори донишгоӽ № 235 аз 16.04.2018с. ва №173 аз 13.03.2018с 50 нафар омӯзгорон бо равияи гуманитарӣ (забони тоҷикӣ, забони форсӣ ва забони арабӣ) факултетӽои забонӽои Шарқ, педагогӣ, филологияи тоҷик ва кафедраи умумидонишгоӽии забони тоҷикӣ аз 17.04.2018-04.05.2018с. аз курси такмили ихтисос гузаштанд, ки устодони соҳибтаҷриба, аз қабили номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саломов М. Аз фанни забони форсӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Низомова С. Аз фанни забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Камолиддин Б. Аз фанни масъалаҳои баҳсноки имлои забони тоҷикӣ ва омӯзгори калон Саидов С. Аз фанни забони арабӣ дарс гуфтанд.
Пас аз анҷоми курси мазкур шунавандагони курси такмили ихтисос соҳиби диплом гаштанд.
Маркази иттиллоот ва таҳлил







