ДДар факултети педагогӣ гурӯҳи устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони хориҷӣ вохўрӣ бо сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон подполковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва корманди хадамоти мазкур подполковники милиса Шомирсаидов А. С. баргузор намуданд.
Мавзўи вохўрӣ «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ ва оқибатҳои он» унвон дошта, доир ба масъалаи доғи рўз терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, маданияти истифодаи телефони мобилӣ, сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон ва ғайра маълумоти мукфассал пешниҳоди донишҷўён гардонида шуд.
Саидзода Б.Р. дар суханронии худ зикр намуд, ки мақсади асосии гузаронидани силсилавохўриҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавон маҳсуб ёфта, мурод аз сўҳбатҳои мазкур огоҳ намудани донишҷўён аз вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи ў 789 (дар вилояти Суғд) оилаи носолим ба гирифта шуда, фарзандони оилаҳои мазкур зери назорати доимии хадамот қарор дорад. Мавсуф зикр дошт, ҷавонони даврони истиқлолият хеле хушбахтанд, зеро барои зиндагӣ, таҳсил ва истироҳат шароитҳои хеле хуб доранд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат варзанд, аз таъриху адабиёти ғании классику муосири тоҷик фаровон истифода баранд, аз хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ сар напечанд ва дар ободии ягон кунҷи Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошанд.
Дар охири вохўрӣ байни донишҷўёну меҳмонон сўхбати озод баргузор гардида, донишҷўён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







