Санаи 4-уми май дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Конфронси илмӣ-малӣ бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки магистрантони соли аввали факултет таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҷабова М.М баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзоюнус Матлуба, мудири шуъбаи магистратура номзади илмҳои филологӣ, дотсент Усмонова М.Э., устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ва магистрантони курси якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.
Дар ин конфронс 4 маърӯза аз тарафи магистрантон бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ироа карда шуда, наворҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҷойҳои таърихии Тоҷикистон» ва оид ба якчанд омилҳое, ки барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Конфронси мазкур бо дарназардошти иштироки фаъолонаи устодону магистрантон дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







