Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат, устодони азиз ва
донишҷўёни арҷманд!
Ҷашне, ки имрўз тамоми инсонияти тараққипарвари рўи олам ботантана таҷлил карда, азизу гиромӣ медоранд, иди Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Таҷлили ҷашни 73 – солагии Ғалаба як омили бузург барои беҳдошти зисту зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоии собиқадорони ҷанг ва арҷгузории онон маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рўзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромўшношуданӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои аҳли кишвар азизу гиромӣ арзёбӣ кардаанд: "Ин санаи пурарзиши таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрўза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шўравӣ мебошад”.
Қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки дар назди қаҳрамонони миллати худ сари таъзим фуруд орем, онҳоро азизу арҷманд дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррўзаи ҷавонон ва дар ин замина ба манфиати Ватани маҳбубамон намуна қарор диҳем.
Таманнои онро дорам, ки ба бахти фарзандону наберагон, аберагон, ба бахти ҳамаи мо Шумо - ҷанговарон ҳамеша солиму бардам ва пирўзу сарбаланд бошед!
Дар охир ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рўзи Ғалаба самимона таҳният мегўям.
Бори дигар ид муборак бошад, устодон ва донишҷўёни азиз!







