Имрӯз дар толори донишгоҳ бахшида ба Иди Ғалаба чорабинии донишгоҳӣ бо иштироки чанд нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқ устоди донишгоҳ Исмоилов Абдулло баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки: “Аз баракоти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол дигарбора корнамоиҳои диловаронаи фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони рамзи ҳидоят ба сӯи шинохти воқеии оини мардонагӣ ва гузаштан дар мактаби ҷасорату дарси ватандорӣ хидмат карда меояд”.
Ҳамчунин аз тарафи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ва раёсати донишгоҳ барои қадрдонии иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ҷангу меҳнат тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Чорабиниро барномаи фарҳангии адабӣ- мусиқии донишгоҳ ҳусни анҷом бахшид.
Маркази иттилоот ва таҳлил







