ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИҶРОИШИ ФАРМОН ДАР АМАЛ
2018-05-10

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Поягузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ  дирӯз дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб» гузаронида шуд.

Чорабиниро  мудири кафедраи мазкур, дотсент Бердишукуров А.А. ҳусни оғоз бахшида,  қайд намуд, ки бо дастуру супоришоти ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ тасмим гирифтанд, ки дар раванди таълим ва берун аз он дар ҳамаи факултетҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ бо донишҷўён чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор намоянд.  Чунин силсила чорабиниҳо  дар хобгоҳи №2 таҳти унвони «Тинҷиву амонӣ ва ососиштагии кишварро хоҳонем!» ва  хобгоҳи №3 таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб» ташкил гардиданд. Инчунин, зикр карда шуд, ки чунин иқдомот тибқи нақша дар давоми соли таҳсил амалӣ карда мешавад.

Сипас, маърўзаҳои устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ дар мавзӯъҳои «Терроризм ва экстремизм-вабои аср», «Амалу кирдорҳои ТЭТ ҲНИТ бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ» ва «Аз таърихи омўзиши падидаҳои номатлуб-терроризм ва экстремизм» шунида шуд.

Барномаи фарҳангӣ- адабӣ чораӣиниро ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:532 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар