ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
2017-09-29

Санаи 27 сентябр дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи «Забони русӣ дар муҳити таҳсилотии Россия ва Тоҷикистон: таҷрибаи омӯзиш ва дурнамои ҳамкориҳо» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, консули Генералии Россия дар ш. Хуҷанд Бондаренко Валерий Алексеевич, роҳбари њамкорињои Россия (Росотрудничество) дар ш. Хуҷанд Иванов Иван Сергеевич иштирок намуданд. Ҳамзамон муовини аввали раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Россия, директории Институти илмӣ-тадқиқотии таърих ва этнографияи Урали Ҷанубии Донишгоҳи давлатии Оренбург, доктори илмҳои таърих Амелин Венамин Владимирович дар якҷоягӣ бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Азизов А., чун модератори мизи мудаввар диққати ҳозиринро ба масоили омӯзиш ва таълими забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ ҷалб намуданд.

Аз назар гузарониданд:411 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар