ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАСЪУЛИЯТИ ФАРЗАНД ДАР НАЗДИ ВОЛИДАЙН
2018-05-10

Дар факултети физикаю техника  дирӯз маҳфили навбатии «Насиҳат гўш кун ҷонон»-и шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар мавзўи «Қарзи фарзанд дар назди падару модар» баргузор гардид.  Дар он устодон, кураторони гурўҳҳои академӣ ва  донишҷўёни  факултет иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро декани факултет номзади илмҳои физика-математика, дотсент М.И.Шамсиддинов  ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои асосии маҳфил шинос намуд. Ҳамзамон, ў оид ба нақш ва мавқеи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» сухан ронда, махсус таъкид намуд, ки дар қонуни мазкур инчунин фарзандон низ баъди ба камол расидан ва пиронсолии падару модар дар назди онҳо масъулиятҳои муайянро бояд ба ҷо биёранд.

Пас, маърўзаи пурмазмуни роҳбари маҳфил, номзади илмҳои филологӣ, профессор С.Ҳоҷиев шунида шуд. Собиқадори соҳаи маориф ва илм устод С.Ҳоҷиев қарзи фарзандонро дар назди падару модар дар зиндагӣ ва пас аз даргузашт аз ин олам баён намуда, нисбати бархе аз онҳо барои таъсирбахш шудани гуфторҳо онҳоро бо мисолҳои ҳаёти шарҳу возеҳ доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет аз номи иштирокчиён ба дотсент Ҳоҷиев С. миннатдории аҳли факултетро баён намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 73-солагии иди Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:560 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар