ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАВҚЕЪ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
2018-05-11

Бо мақсади ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба яке, аз масъалаи муҳим – дурнамои   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар, бахшида  ба  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони факултети филологияи рус  дирӯз дар  толори Литсеи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ  бо  дастгирии  директори он, Азимова М.А. мизи мудаввари васеъ байни талабагони болаёқатманд таҳти унвони  “Мавқеъ ва дурнамои  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   баргузор   гардид. 

Дар чорабинии илмии  мазкур намояндаи СММ ВА ЮНЕСКО муҳтарама Джи Юн аз Корея  ва олимони ҷавони  донишгоҳ ширкат варзиданд.

Раиси шуъбаи идоракунии корҳои илмии талабагони болаёқат дар назди  Литсей- омўзгори  пуртаҷриба,  устод  Воҳидов А.  оғоз бахшида, қайд намуд,  ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои фарҳанги миллӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги таърихӣ, мавқеи геополитикии мусоид, гуногунии манзараҳои табиӣ, олами бойи ҳайвоноту наботот ва ҷомеаи босуботу мардуми меҳмоннавоз барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои фарох дорад».

Дар навбати худ,  Раиси Шурои олимони ҷавон, омўзгори ҷавони факултети филологияи рус  Ёқубова А. бо суханҳои ифтихохӣ баромад намуда,  ҳозиринро  бо  барномаи  мизи мудаввар  шинос намуд.

Дар мизи мудаввар маърўзаҳо  доир ба “Рушдии инфрасохтор  дар  соҳаи  сайёҳӣ”, “Хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва имкониятҳои рушди он”, “Вазъи фаъолияти ташкилотҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон”, “Таърихи ташаккулёбии ҳунарҳои мардумӣ” ва ғайраҳо муҳокима ёфтанд.

Ҳадаф аз баргузории  чорабинии мазкур  ҷалби насли наврас ба рушди туризм, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои донишомўзӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи илмии  ҷавонон ва ба ин васила, дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. 

Дар доираи  мизи мудаввар,  маърўзачиёни фаъол ва иштирокчиёну созмондиҳандагони фаъол  бо  ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ  карда  шуданд.

                                                                                            Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:564 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар