ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НИШАСТИ НАВБАТИИ “ГАНҶИ СУХАН”
2018-05-15

Дар маҷмааи меҳмонхонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода” нишасти 162-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор гардид. Нишасти навбатӣ яке аз маҳфилҳои хуб ва хотирмон, инчунин самимиву пуршукӯҳ маҳсуб ёфт, аз он ҷиҳат, ки мавзӯи меҳварии он шеър ва шахсияти шоири классики адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ буд. Файзу шукуҳи маҳфил бо ҳузуру суханрониҳои шарикдарсону ошноёни ҷонии устод Лоиқ адабиётшиноси варзида профессор Абдунабӣ Сатторзода, Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, дӯст ва ҳамдарси устод Лоиқ  Раҷабмуҳаммад Шарифов боз ҳам афзун гардид.

Маҳфилро роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонони олиқадрро аз шаҳри Душанбе  ва кулли ҳозиринро ба нишасти 162-юмини маҳфил ҳайрамақдам гуфт. Аз ҷумла, аз барномаи маҳфил, ки ба зодрӯзи Лоиқ Шералӣ бахшида мешавад ёдовар шуда, аз муҳтавои суханрониҳои муҳими маҳфили имрӯза зикр намуд.  Мувофиқи барнома маҳфил аз суханронӣ ва табрикоти намояндаи мақомоти иҷроияи вилояти Суғд оғоз гардида, онро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод идома бахшид. Суханронии А. Раҳматзод дар мавриди мақому манзалати Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик буда, аз омилҳои баландии шеъри Лоиқ ва вижагиҳои хоси шеъри шоир қайд гардид ва шеъре хубе дар бораи Лоиқ Шералӣ , ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод тааллуқ дорад, қироат карда шуд.  

Риштаи суханро адабиётшиноси варзида  профессор Абдунабӣ Сатторзода бо маърӯзаи “Лоиқ Шералӣ ва “шеъри ҳолот”  идома бахшиданд. Устод Сатторзода таъкид карданд, ки дар байни ашъори Лоиқ Шералӣ дар радифи шеърҳои тасвириву тавсифӣ ва  шеъри андеша шеърҳое ҳастанд, ки дар он ҳолатҳои гуногуни инсонӣ,  холати мухталифи зиндагӣ,  ҷомеа ва табиат дар як замону макон ва фазои муайян эҷод шудаанд. Ва ин намуди ашъорро устод Сатторзода феълан ва шартан “шеъри ҳолот” ном бурданд ва се шеърро аз эҷодиёти шоир “Тирамоҳ”, “Бачагӣ” ва “Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо”-ро ба унвони шеъри ҳолот таҳлилу баррасӣ намуданд. Гузориши устод хеле пурмӯҳтаво ва муфассал буд.

Дар ин фурсат суруди бо матни Лоиқ Шералӣ хондаи  сарояндаи мумтоз Ҳасани Ҳайдар табъи аҳли нишастро болида сохт.

Баъдан шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким хотираҳои худро бо Лоиқ Шералӣ ёдовар шуда, дар хусуси мавзӯи “Вижагиҳои диди шоиронаи Лоиқ”  сӯҳбат намуданд.  Ҷолиби диққат аз ин гузориш дар он буд, ки устод Аскар Ҳаким сӯҳбатеро, ки 42  сол пеш бо устод Лоиқ карда буданду дар матбуот он давр  нашр гашта буд,  ба аҳли маҳфил пешниҳод карданд. Беҳтарин матлабҳои устод Лоиқро дар мавриди шеъри хуб, вазъи нақди адабии он давр ва чанд масъалаҳои марбут ба шеъру шоириро  аз он сӯҳбат пешкаши ҳозирин гардониданд, ки хеле омӯхтанӣ буд.

Сӯҳбати самимонаи дӯст ва ҳамдарси Устод Лоиқ Раҷабмуҳаммад Шарифов ба маҳфил кайфияти хоса бахшид. Ин кас аз шахсияти Лоиқ Шералӣ ба ёд оварда,  хотираҳои ҷолиби худро аз ҷавонии шоир, шӯхиҳо ва ҳозирҷавобиҳои ӯ баён кард, чанд байт аз ашъори Лоиқ Шералӣ таҳлил намуд ва шеъреро бо муҳаббат ба оҳанги дилчасп сароид, ки воқеан дар кайфияти аҳли нишаст рӯҳбаландиву асари хушеро эҷод намуд.

Муаррифии китобҳои   “Сад счастья”, “Боғи дилкушо”, “Дарёи хайр”-и ташкилкунандаи  маҳфили навбатӣ Абдуқодир Ҷабборов хабари наве дар олами навгониҳои адабу фарҳанг эътироф гардид. Ба меҳмонон ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой –китобҳои тозанашри адибони вилоят эҳдо гардид.

Бояд эътироф кард, ки маҳфили навбатӣ бо ташаббус ва кӯшиши самимона ва хайрихоҳонаи марди фозилу адабдӯст, ходими шинохтаи давлативу ҷамъиятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Абдуқодир Ҷабборзода, ки иродату нигоҳи нек нисбати аҳли илму адаб доранд, баргузор гашт. Ҳамаи он корҳои ташкилие, ки барои дар сатҳи хуб гузаштани маҳфил иҷро гардида буд, воқеан аз табъи баланди ташкилкунанда дарак медод ва  муҳаббату ихлоси ӯро нисбати шеъру сухан ифода мекард. Табиати маҷмааи меҳмонхонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода” воқеан хеле зебо буд: дарахтони сабзу қоматбаланд, гулҳои рангоранге, ки тамоми маҷмааро иҳота карда буданд, тозагиву ободии муҳити атроф, файзу шукӯҳи биноҳо худ як кайфияти хушу шоирона ба қалби инсон мебахшид.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:638 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар