ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОИЛАИ СОЛИМ МУҶИБИ СОЛИМИИ ҶОМЕА
2018-05-16

Дирӯз бо ташаббуси Шӯрои занони факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни гурӯҳи 203 чорабинии тарбиявӣ бахшида Рӯзи оила таҳти унвони “Оилаи солим муҷиби солимии ҷомеа” бо иштироки устодони факултет ва дотсенти кафедраи психологияи умумӣ дотсент Мансурова А. Р. баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои занон сармуаллима Исоева Д.Ҳ. оғоз гардид ва мавсуф зимни суханронӣ устодону меҳмононро муаррифӣ кард.

Сипас, дотсент Мансурова А. доир ба мавзӯи оила ва муносибатҳои оилавӣ баромад карда, қайд намуд, ки оила асоси давлат аст.  Яке аз вазифаҳои  муҳими оила дар назди ҷамъият ин таҷдиди оила мебошад. Мафҳумҳои шараф, виҷдон, инсоф, раҳм, шавқат, қарзи инсонӣ дар тафаккуру рафтори ҳар як шахси боодобу маданӣ зоҳир мегардад. Ин мафҳумҳоро  аз хурдӣ бояд тарбия кард. Шахс бо чунин хислатҳо оиладори хуб шуда, фарзандони нек тарбия мекунад.

Инчунин, дотсент Мансурова А.Р. қайд кард, ки омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ вазифаи муҳими оила ва мактабу донишгоҳ аст. Омӯзиши сабабҳои вайроншавии оилаҳо шаҳодат медиҳанд, ки бештари онҳо аз сабаби тайёр набудан ба ҳаёти оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Аз тарафи донишҷӯён саволҳо дода шуда,  ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ муовини декан оид ба  корҳои тарбия  Ахмедова З.Д. сухан ронда, барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво миннатдорӣ  намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:471 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар