ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
САҲМИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН ДАР БЕДОРФИКРИИ ҶАВОНОН
2018-05-18

Дирӯз дар хобгоҳи №9-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми диловарони Ватан дар бедорфикрии ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ, дотсент А. Бердишукуров ҳусни оғоз бахшида, аз қаҳрамонию далерии мардони ватандӯстӣ мамлакат ҳарф зад. Ӯ зимни баромади худ қайд кард, ки  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Германияи фашистӣ дар қатори садҳо ҳазор шаҳрвандоне, ба ҳимояи Ватан ва марзу буми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза бурда, қаҳрамонона шуморае аз онҳо ҳалок гардиданд, зумрае аз фарзандони кишвари Точикистони азизи мо бо гирифтани унвонҳои  гуногуни ҳукумати Советӣ ба Ватан баргаштанд ва бояд аз хизмати падаркалонҳои хеш ифтихор кунем ва ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистонро дӯст дорем.  

 Сипас, оид ба мавзӯъҳои «Пешгириии ҷавонон ба шомилшавии гурӯҳҳои тундгароӣ», “Оқибати таасуби кӯр-кӯронӣ ба роҳ мебарад ё ба чоҳ?”, “Хатарҳои тероризм ва экстремизм дар замони муосир” ва ғайраҳо устодони кафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшинсӣ  маърӯзаи пурмуҳтаво  намуданд.

Баъди баромади устодон, аз тарафи донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирфт ва таклиф карда шуд, ки аз тарафи кафедраи мазкур ҳафтае як маротиба дар хобгоҳи №9-и донишгоҳ маҳфил барои донишҷӯён ташкил карда шавад.

Чорабинии хубу хотирмон ва дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:528 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар