ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТИНҶИВУ АМОНӢ ВА ОСОИШТАГИИ КИШВАРРО ХОҲОНЕМ
2018-05-18

Дирӯз дар толори хобгоҳи №2-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Тинҷиву амонӣ ва осоиштагии  кишварро хоҳонем!» баргузор  гардид.  Дар он мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ А. Бердишукуров ва ҷомеаи устодони кафедра иштирок намуданд.

Нахуст мудири кафедраи мазкур, дотсент А. Бердушукуров иштироки ҳамаи донишҷӯдухтарони хобгоҳро хайрамақдам  гуфт ва аз ҷараёни он ба эшон ҳарф зад.

Сипас, устодон дар мавзӯъҳои «Зирракӣ ва боҷуръатиро аз даст намедиҳем», «Хатару таҳдидҳои муосир ба амнияти Точикистон», «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремизму терроризм», «Нашъамандӣ вабои аср» баромади пурмӯҳтаво намуданд, ки аҳли нишаст аз он баҳра бардоштанд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни соли 3-юм, гурӯҳи 301-302-и факултети филологияи тоҷик манзури аҳли нишаст гардонида шуд. Дар ин барнома донишҷӯён шеъру гуфторҳо, саҳначаҳои тарбиявӣ, рақсу сурудҳои марбут ба мавзӯи мазкур дар таҳияи донишҷӯён ва дигарон манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Чорабинии тарбиявӣ хеле хуб ва дар сатҳи баланди эҷодӣ гузаронида шуд, ки ин барои ҷавонон ва дар дили онҳо нисбат ба дӯстдории меҳан, модар ва як  каф хоки ватанро бештар мегардонад.

                             

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:488 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар