ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲУСНУ НЕРӮИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ АСТ
2018-05-18

Имрӯз дар гурӯҳи 107-и факултети филологияи тоҷик, бахши рӯзноманигорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дарси тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳусну нерӯи Ватан аз Ваҳдат аст” баргузор гардид. Дар  дарси мазкур ноибдекани бахши тарбияи факултет  И. Қосимова ва мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума К. Комилов  иштирок карданд. Чорабиниро роҳбари гурӯҳ  Ш. Зарипова ҳусни оғоз бахшид. Ровиёни чорабинии мазкур Аниса Вайдуллоева ва Зулхумор Ҳабибова доир ба ин мавзӯъ шеъру таронаҳо қироат намуданд. Донишҷӯён дар чорабинӣ хеле фаъол буданд, бо шеъру суруд, гуфтору тарона ҳисси ватандӯстии хешро инъикос мекарданд.  Донишҷӯён маърӯзаҳои хешро дар мавзӯи “Таърихи Ваҳдати миллӣ” ва асарҳое, ки Ваҳдати миллиро таҷассумгар буд, бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муаррифӣ намуданд. Дар лаҳзаи дамгирии дарс-чорабинӣ тариқи блитс-пурсиш  сатҳи ватандӯстию худшиносии донишҷӯён санҷида шуд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ суханронии қаблии Пешвои миллат дар арафаи ин ҷашни бузург ба самъи ҳозирин расонида шуд. Чорабиниро ноибдекани бахши тарбия И. Қосимова ҷамъбаст намуд.

маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:504 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар