ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НУСРАТИ ИЛМ ВА ШУКУҲИ ҶАВОНӢ
2017-10-03

Бо ибтикори Кумитаи кор бо  ҷавонон ва  варзиши  назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар  Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа  ба номи Носири Хусрав бахшида  ба  Соли ҷавонон санаҳои 28 - 29 сентябри соли равон ҳамоиши чумҳуриявии  илмӣ-назариявӣ  ва  амалӣ таҳти унвони «Пайравӣ  аз  Пешвои миллат: нақши  ҷавонон  дар  рушди  ҷанбаҳои  гуногуни сиёсӣ»  доир гардид.  Ба кори конфронс дар баробари олимони ҷавон аз макотиби олии кишвар ва муассисаи илмӣ - тадқиқотӣ, дорандагони Ҷоизаи  давлатии ба  номи  Исмоили  Сомонӣ  дар соҳаи илм низ даъват гардида буданд.  Аз донишгоҳи мо дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ мудири шўъбаи тарбияи донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа Фаридун Ҳодидоев, мудири шўъбаи кор бо ҷавонон Эҳсон Наврўзов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, номзади илмҳои филологӣ Дилбар Самадова, олимони ҷавон Замира Сатторова ва Мавзуна Оқилова, ҳамчунин ба ҳайси барандаи ҷоизаи давдатии ба номи Исмоили Сомонӣ докторанти донишгоҳ Нуралӣ Нуров ширкат намуданд.  
Рўзи аввали сафари олимони ҷавони кишвар ва барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ боздиди иштирокчиёни он аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷараён гирифт. Нахуст, дар ноҳияҳои Хуросон ва Бохтари вилояти Хатлон ширкаткунандагони ҳамоишро ҷавонони ин навоҳӣ самимона истиқбол гирифтанд. Дар даромадгоҳи шаҳри Қурғонтеппа низ шумораи зиёди донишҷўёну ҷавонони шаҳр бо барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ширкаткунандагони ҳамоиш ва ҷоизадоронро пазироӣ намуда, роҳи тозае дар амри таҳкими дўстии ҷавонони Тоҷикистон фатҳ намуданд.
Баъдан олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз мавзеи таърихии Қалъаи Бибихонум, Осорхонаи таърихии шаҳр ва китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин боздид ба амал бароварда, бо кормандони ин муассисаҳои фарҳангӣ мулоқот оростанд. Докторанти донишгоҳ, барандаи Ҷоизаи  давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ Нуралӣ Нуров аз таълифоти хеш ба китобхонаи вилояти Хатлон намунаҳое ҳадя намуд. 
Баъдан маросими аёдати собиқадорони соҳаи илми вилоят баргузор шуд, ки дар ҳайати гурўҳҳо намояндагони донишгоҳи мо низ ширкат варзида, бо устодони собиқадори донишгоҳҳои вилояти Хатлон мулоқотҳои судманд оростанд.
Бегоҳии ҳамон рўз дар маросими “Шоми ҷавонӣ”, ки дар назди театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон бо иштироки аҳли ҳунари шаҳри Қурғонтеппа доир шуд, иштирок намуданд.
Субҳи рўзи дигар тибқи барномаи корӣ мулоқоти гурўҳҳо бо донишҷўёни донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав оғоз ёфт ва дар факултети таърих ва ҳуқуқ дар якчанд дарсҳо аъзои гурўҳ иштирок намуда, бо донишҷўёни ин факултет суҳбатҳои судманд оростанд. Аз ҷумла, тибқи нақшаи гурўҳи ихтиёриёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи “Танзим баракати зиндагӣ” аз тарафи устоди Донишгоҳи мо барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ Нуралӣ Нурзод дар ин мавзўъ дарси тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар ин доира устодони дигари донишгоҳ Дилбар Самадова мулоқоти судманд бо донишҷўёни шўъбаи рўзноманигории донишгоҳи Қурғонтеппа доир гашт. Дар ҷараёни суҳбату мулоқотҳо бо донишҷўён мудири шўъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев бо донишҷўёни ихтисоси “Идоракунии давлатӣ”-и Факултети таърих ва ҳуқуқ, инчунин мудири шўъбаи кор бо ҷавонон Эҳсон Наврўз дар мулоқот бо донишҷўёни факултети педагогӣ ва филологияи тоҷик иштирок намуданд. 
Баъдан, иштирокдорони конфронс аз намоиши  дастовардҳои олимони  ҷавони вилояти Хатлон, хоса Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа боздид ба амал оварданд. Дар доираи баргузории конфронс ҷаласаи Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки ҳайати нави роҳбарикунандаи он интихоб шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, ки аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ифтитоҳ гардид, нахуст Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Адҳам Рустам суханронӣ намуда, ҳадафҳои судманди баргузории ин ҳамоишро ҳамчун василаи таҳкими рафоқат ва дўстии олимони ҷавони мамлакат шарҳу тафсир дода, изҳор дошт, ки минбаъд ин ҳамоиш дар манотиқи мухталифи мамлакат ба таври анъанавӣ доир хоҳад гашт. Баъдан муовини Раиси вилояти Хатлон, Махфират Хидирзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло, ки ҳар ду ҳам барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ҳастанд, бо изҳори хайрамақдами меҳмонон ва табрикоти самимонаи мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузории ин ҳамоишро дар шаҳри Қурғонтеппа паёми наҷиб дар амр баҳамоварии ҷавонон дар Соли ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш аз номи барандагони ҷоизаи Исмоли Сомонӣ аз вилояти Суғд докторанти донишгоҳ Нуралӣ Нуров суханронӣ намуда, изҳори сипоси ҷавонони вилоятро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва мусоидат ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиши дорои аҳамияти муҳими сиёсӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа, инчунин Раёсати донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав расонида, ҳузури барандагони ҷоизаи Исмоили Сомониро дар доираи баргузории ин ҳамоиш иқдоми наҷибе унвон кард, ки метавонад ба ҳукми анъана ворид гардида, он ҳам муҷиби таҳкими дўстиву рафоқати нерўи фаъол ва пешбарандаи ҷомеа дар саросари мамлакат шавад. Бо такя бар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди он ки симову дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонони имрўз дар ҳақиқат аз ҷавонони солҳои 90-уми хеле фарқ мекунад, мавсуф таъкид дошт, ки воқеан имрўз вақте ҳамчун намояндаи донишҷўёни он солҳо ба чеҳраи хандону шукуфони Шумо ҷавонони саодатманди имрўз, ки дар чунин айёми тантанаи шодиву нишот, шукўҳу нусрати ҷавононии ҳақиқӣ рўзгор ба сар мебаред, таваҷҷўҳ мекунам, бо як эҳсоси гуворо вуҷуди маро ҳам аз баракоти ин саодатмандии Шумо фаро мегирад, то онро дар ин чанд сатр тафсир кунам:
Чӣ хуш ҳолу чи хуш солӣ, ҷавонӣ,
Фараҳафзои ҳар ҳолӣ, ҷавонӣ.
Шукўҳат меравад то ҷовидона,
Чу фардоро накў фолӣ, ҷавонӣ.   
Дар фароварди сухан аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашри донишгоҳ таҳти унвони “Пешвои миллат ва сиёсати забон” ҳамчун рамзи хотира тақдим карда шуд. 
Дар қисмати суханрониҳои илмӣ дар бахшҳои ҷудогонаи конфронс устодони донишгоҳи мо мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума – Дилбар Самадова дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар таҳаввули матбуоти тоҷик”, докторанти донишгоҳ, Нуралӣ Нурзод дар мавзўи “Нақши арзишманди Пешвои миллат дар таҳқиқ ва тарғиби адабиёти миллӣ”, мудири шўъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев дар мавзўи “Тарбияи ватандўстӣ дар мактаби сулҳи “Пешвои миллат”, мудири шўъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврўзов дар мавзўи “Ҷавонон нерўи фардосози ҷомеа ва пайравони Пешвои миллат”, омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳанг Мавзуна Оқилова дар мавзўи “Мавқеи фаъоли ҷавонон дар рушди фарҳанги миллӣ”, сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Сатторова Замира дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонони эҷодкор”  маърўзаҳои илмии хешро манзур сохтанд.
Барои саҳми назаррас дар кори ташкили кори ҳамоиш, ҷалби донишҷўёну устодони ҷавон ба кори он, инчунин иштироки фаъолона ба як гурўҳ иштирокдорони конфронс Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид, ки аз ҷумла ба устоди донишгоҳ, барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ Нуралӣ Нуров ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҷараёни кори конфронс ва гузаронидани суҳбату мулоқотҳо бо донишҷўён мебошад. Ҳамзамон, чунин Сипоснома ба мудири шўъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврўзов ҷиҳати ташкили кори босамар дар ҷодаи иштироки устодону олимони ҷавон ва корҳои тарғиботӣ чунин Сипоснома тақдим гардид.
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:774 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар