ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИИ ДАВИ МИЛЛӢ
2018-05-21

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он, санаи  20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 7000 ҳазор  устодон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров  иштирок намуданд.

Дар чорабинии варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ  иштирок намуд. Қабл аз оғози Дави миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ кард ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

                                                                                            Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:590 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар