ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОНИ БОЛАЁҚАТ
2018-05-21

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баҳои баланд дода, барои донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, тарбияи маънавию варзишии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Театри бачагон ва ҷавонони ба номи Одилҷон Назаров барномаи фарҳангиву фароғатии ансамбли «Навои ҷавонӣ»  - и донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия Рухсора Давлатзода ва устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Ба чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Рухсора Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, Паёми табрикотии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразодаро ба аҳли нишаст расонд.

Сипас барномаи фарҳангии ансамбли «Навои ҷавонӣ» - и донишгоҳ таҳти роҳбарии ҳунарманди маҳбуб Ҳусейн Юсупов ва бо иштироки донишҷӯёни фаъоли факултети санъат пешниҳоди ҳозирин гашт. Дар ин боб Шоҳсанам Каримова, Умеда Раҷабматова, Сайҳуна Бадалова, Дилшод Холматов, Рустам Холҷӯраев, Шоҳини Насимӣ, Музаффар Машарипов, Шерози Камол, Паҳлавон Усмонов, Искандар Файзиддинов ва дигарон ҳунари волои худро нишон доданд.

Инчунин, баромади дастаи «Хушдилон» - и факултети забонҳои хориҷӣ, ки аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ иборат буд, ҳамаро мафтун кард. 

Сипас Рухсора Давлатзода сипосномаи донишгоҳро барои татбиқи  бо самарии сиёсати давлатии ҷавонон ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави  пешвои миллат» ба 20 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ супорид.

 

                                                                                            Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:576 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар