ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВАҲДАТ – ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА РУШТИ МИЛЛАТ
2018-05-22

Дирӯз дар факултети филологияи рус соати тарбиявии кушод бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд. Соати тарбиявии кушод аз тарафи донишҷӯёни курси якум гурӯҳи 102 таҳти роҳбарии куратори гурӯҳи академики дотсенти кафедраи ИНШХ- забони русӣ М. Искандарова  гузаронида шуд. Дар соати тарбиявӣ намоянда аз  раёсати Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд муаллима М. Мирпочоева,  мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Х. Исмоилов, ҷонишини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент С. Ёрова ва дигарон иштирок намуданд. Соати тарбиявӣ аз тамошои филми мустанат “Ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон” оғоз гашта, донишҷӯён баъди тамошои филм бо маърӯзаҳои худ  дар мавзӯи “Вахдат – пояи хушбахтӣ ва рушти миллат” баромад намуданд. Инчунин дар соати тарбиявии кушод аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳ шеърҳо ба забони русӣ ва тоҷикӣ дар васфи Ватан-модар, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат қироат карда шуд. Аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳ викторина – саволу ҷавоб оид ба мавзӯи “Вахдат – пояи хушбахтӣ ва рушти миллат” гузаронида шуд.   

       Дар  ҷамъбасти соати тарбиявӣ М. Мирпочоева баромад намуд ва      ҷавонони имрӯзаро ба ҳушёриву зиракӣ, эҳтиёт намудани истиқлолияту озодӣ, шомил нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  даъват намуданд.

                                                                                            Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:568 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар