ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОН
2018-05-22

Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори варзишии Литсейи №1-и ба номи М. Осимӣ мусобиқаи варзишии вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол байни бонувони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардид.

Дар мусобиқа аз донишгоҳ 11 нафар бонувон таҳти роҳбарии мураббиёни варзида сармуаллимон Бойматов Д. ва Абдуллоев Д. иштирок доштанд ва дар  натиҷа дар бозии волейбол дастаи донишгоҳ сазовори ҷойи III-юм  гашт.

Мақсади аз баргузории мусобиқаи мазкур   тарғиб намудани бозии  волейбол байни омӯзгорон ва  мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо мебошад.

Дар охир аз тарафи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо диплом  ва медалҳо, Ҷом ва Ифтихорнома қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:558 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар