ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДАРСИ ВАҲДАТ
2018-05-22

Тибқи супориши раёсати  донишгоҳ дирӯз дар факултети  педагогӣ дарси тарбиявии намунавӣ таҳти унвони  «Дарси ваҳдат» бо роҳбрии сармуаллими кафедраи табиӣ –риёзӣ  С. Кароматуллоев  гузаронида шуд, ки дар он раиси Шўрои бонувони донишгоҳ З. Раҷабова,  86 нафар  донишҷўёну   устодони факултет    иштирок намуданд.   Дарс  бо  сурудани   Суруди  миллӣ  оғоз ёфта, сипас намоиши  «Имтиҳони  таърих» , хониши порчаҳои назмӣ ва  суханони Пешвои миллат оид ба  сулҳу ваҳдат, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ватан, модар, устод ва васфи ҷавонӣ  ҷараён гирифт.

Сармуаллим  С. Кароматуллоев  маърўзаеро  таҳти унвони   «Дарси сулҳи  тоҷикон» омода  намуда, оид ба вақеаҳои солҳои  аввали истиқлолият, вазниниҳои ба сари мардум омада, азму талоши шабонарўзии  Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои  ба даст овардани сулҳу оромӣ, баҳои сиёсатмадорони   хориҷӣ  ба  сулҳи тоҷикон, даъвати ҷавонон барои ҳифзи марзу бум ва фазои ороми Ватан  ва ғайра  ба самъи донишҷўён расонид.

 Дар охир раиси Шўрои бонувони донишгоҳ  З. Раҷабова ба сухан баромада, ба дарси имрўза баҳои баланд доданд  ва таъкид  доштанд, ки ҷавонон бояд ба қадри  Ваҳдати миллӣ  ба таври воқеӣ  расида  бошанд ва аз Ватану ватандории аҷдодони  худ ибрат гирифта,  сатҳи донишу сиёсии худро баланд бардошта,  аз даврони нотакрори  ҷавонӣ    самаранок истифода  баранд  ва барои ободии Тоҷикистони  соҳибистиклол  хамарўза  талош  варзанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:485 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар