ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЗАБОНДОНӢ МИФТОҲИ ҶАҲОНШИНОСИСТ ВА ҶАҲОНИШАВИСТ
2018-05-25

Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатнокӣ,  сатҳи забондонӣ ва инкишофи нутқи шифоҳию хаттии донишҷӯён аз таърихи 14- уми май то 21- уми майи соли равон  бо иқдомоти наҷиби кафедраи филологияи араб ва кафедраи грамматикаи забони арабӣ ҳафтаи забони арабӣ таҳти унвони “Забондонӣ мифтоҳи ҷаҳоншиносист ва ҷаҳонишавист” гузаронида шуд. Ҳафтаи забони арабӣ байни донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4- уми бахши арабӣ тибқи нақшаи мураттабгардида ҷараён дошт, ки аз озмунҳои шеърхонӣ, сурудхонӣ, таъбирнависӣ, луғатдони беҳтарин, нақли ҷолиби ҳикояву қисса, қироати матн, баровардани рӯзномаи деворӣ, муаррифии давлатҳои араб ва намоиши саҳнаи адабӣ иборат буда, донишҷӯён дар ҳамаи намудҳои озмунҳои фавқуззикр фаъолона ширкат варзиданд. 

Дирӯз дар факултети мазкур конфронси ҷамъбастии ҳафтаи забони арабӣ баргузор гардид, ки дар он декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов И.У., мудирони кафедра ва ҷомеаи устодони факултет иштирок намуданд. Конфронсро мудири кафедраи филологияи араб Анварова М.Н. ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос кард. Ҳамчунин, номбурда қайд кард, ки дар давоми ҳафта донишҷӯён дар ҳамаи намуди озмунҳо хеле фаъолона иштирок намуда, тавонистанд, ки донишу маърифат ва малакаи забондонии худро манзури устодон созанд ва ба баҳои баланди онҳо сазовор гарданд. Баъдан, мудири кафедраи забони арабӣ Анварова М.Н. риштаи суханро ба дотсенти кафедраи филологияи араб Ҳомидиён Ҳ.К. дод, ки мавсуф дар мавзӯи “Саҳми донишмандони тоҷик дар густариши забони арабӣ” бо забони арабӣ маърӯзаи илмӣ намуд. Устод Ҳомидиён Ҳ.К. дар раванди маърӯзаи худ тазаккур дод, ки осори бо забони арабӣ таълифнамудаи донишмандони тоҷик, аз қабили “ал-Қонун” – и Ибни Сино, “Мақомот” – и Замахшарӣ, “ал-Ағон” –и Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва дигарон  дар рушду такомули забон ва адабиёти арабӣ нақши муассир гузоштаанд. Сипас, аз ҷониби донишҷӯён барномаи адабӣ- фарҳангӣ манзури устодон карда шуд, ки онро барандагони маҳфил донишҷӯёни курси 3 Мадумаров Н. ва Юлдошева Н. оғоз карда, гуфторҳои бузургонро роҷеъ ба мақоми баланди забони арабӣ дар ташаккули илми ҷаҳонӣ ба самъи ҳозирин расониданд.  Сипас, шеърҳо бо забони арабӣ аз ҷониби донишҷӯён дар мавзӯоти меҳри ватан, модар, илм, муаллим ва зебогии табиат басо ифоданок қироат карда шуд.  Дар партави маҳфил саҳнаи адабӣ- тарбиявӣ бо забони арабӣ таҳти унвони “Мард ва боркаш” аз ҷониби донишҷӯёни бахши чорум  ба маъраз гузошта шуд, ки дорои арзиши баланди тарбиявӣ буд. Дастаи ҳаҷвии факултет  “Taj.smile”  якчанд саҳнаҳои ҳаҷвии омодакардаашонро пешкаши устодону донишҷӯён гардонда, табъи ҳамагонро болида сохт. Дар фарҷом ғолибони озмунҳои ҳафта ба тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:497 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар