ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БРЕНД ВА ҚУВВАИ ДАРКИ ИМКОНИЯТ
2018-05-25

Дар толори факултети молия ва иқтисодиёти бозоргонии донишгоҳ дирӯз  семинари илмӣ – амалии ширкати “Мегафон  Тоҷикистон”  дар мавзўзи “Бренд ва қувваи дарки имконият” баргузор гардид,  ки дар он донишҷўёну устодони ихтисосҳои менеҷмент, молия ва қарз, баҳисобгирӣ ва аудит, маркетинг иштирок намудан.

Чорабинии мазкурро  менеҷери ширкати Мегафон  оид ба кор бо ҷомеа кормандони шуъба оғоз намуда,  доир ба ҳамкориҳои донишгоҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва аҳмияту зарурати семинар – машваратҳои ширкати мазкур сухан намуданд.

Дар давоми семинар, менеҷери бахши кор бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Фазлиддин Ҳакимхўҷаев оид ба мавзўи семинари мазкур  батафсил ба ҳозирин маърўза карда,  дар бораи сифатҳои муҳимтарини Бренд кайд намуд.  

Баромадкунанда аз пайдоиши Бренд аҳамияти он дар пешниҳод намудани мол ва пешбари намудани бренд  сухан ронид. Ҳангоми суханронӣ бо чанд видеоҳои ҷолиб аз ҷониби ширкатҳои машҳуртарини дунё, ба ҳозирин пешкаш намуда, ҷанбаҳои гуногуни имкониятҳои онро фаҳмонид ва тавонист дар тафаккури ҳозирин тасаввуроти кофӣ доир ба мавзўи баррасишаванда гузорад.

Инчунин, як иқдоми нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро, ки «МегаФон Life» ном дорад, муаррифӣ кард ва ба ҳозирин бартариҳои онро шарҳ дод.

Дар интиҳо донишҷўёну устодон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлили

Аз назар гузарониданд:539 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар