ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ
2018-05-25

Дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ- амалии вилоятии магистрантон  дар мавзӯи “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.

Конфронсро  муовини ректор оид ба таълим профессор А. Раҳимов ҳусни оғоз намуда, дар баромади хеш қайд намуд, ки “Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар моҳи май, ки бар асоси  ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, конференсияи вилоятии илмию амалии магистрантон таҳти унвони «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» бо мақсади баррасии муҳимтарин муаммоҳои илмҳои мухталиф тариқи суханрониву маърўзаҳои онҳо доир мегардад, ки имсол он бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рўзи ҷавонон баргузор мешавад”.

Ҳамунин қайд гардид, ки аз тарафи магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 112 маърўза пешниҳод гардид, ки аз ширкат ва ҳузури фаъоли магистрантони вилоят дар ин чорабинии илмӣ дарак медиҳад. Кори конференсия дар 14 бахши ҷараён гирифта, доираи васеи мулоҳизарониҳои илмӣ ва маърўзаҳои пешниҳодшаванда беҳтарин ҳадяи магистрантон ба ҷашнҳои хуҷастаи давлативу миллӣ ба шумор меравад.

Дар қисми ифтитоҳии конференсия магистрантон М.  Зарипов дар мавзӯи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ”, М. Акилова дар мавзӯи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ  ва нақши он дар таълиму тарбияи ҷавонон”,  М. Тӯхтаева дар мавзӯи “Сохтор ва мундариҷаи мавзӯъҳои илмӣ дар саҳифаҳои сомонаи ravshfikr.tj” баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:513 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар