ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОБ МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР АСТ
2018-05-25

Бо иқдоми устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кормандони китобхонаи вилояти оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 24-уми майи соли ҷорӣ дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, маҳфили илмӣ таҳти унвони «ОБ МЕҲВАРИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР АСТ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” баргузор гардид.  Дар рафти маҳфил масъалаҳои гуногуни истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об баррасӣ гардид.

Дар мавзӯъҳои  «Иқдомҳои Пешвои миллат дар самти ҳифзи захираҳои об» – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат М. Собиров,  «Масъалаҳои кўли Сарез, масоили таҳқиқ ва истифодабарии захираи обии он» – донишҷўи курси 2-юми ихтисоси экология И.Усмонова, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» – ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон – донишҷўи курси 3-юми ихтисоси экология Х. Акрамов, «Об – неъмати бебаҳои зиндагӣ» хулосаи китобшиносӣ – китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ  М. Қаюмова баромад намуданд.

Дар музокира кормандони китобхона ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, рӯҳбаландӣ ва дастгирии худро аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, баъдан доир ба сатҳи истифодаи об дар маҳалҳои аҳолинишини вилоят, ҳосилшавии партовобҳо, усулҳои безараргардонии партовобҳо ва дигар ҷабҳаҳои экологии захираҳои об дархост ва пешниҳодҳо карданд. Ба саволҳо ва дархостҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент М. Собиров ва муаллима Ҳакимхоҷаева М.А. ҷавобҳои мушаххас доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:514 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар