ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
2017-10-03
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, инчунин ҷиҳати рушд ва такомули арзишҳои моддию маънавии давлатдории нивини мо, аз ҷумла ташаккули забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Забон аз рукнҳои муҳими арзишҳои миллӣ дар ҳамаи давру замонҳо ба ҳисоб рафта, имрўз низ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар сатҳи шоиста ва баланд арҷгузорӣ мешавад.
Таърихи бою рангини ташаккул ва таҳаввулоти бостонӣ, асримиёнагӣ ва наву навтарини забон бо марҳилаҳои муҳими ташаккул ва таҳаввули давлатдорӣ ва маданияти бою рангини миллӣ ҳамбастагии қавӣ дорад. Ба марҳилаҳои аълои рушду такомул расидани ин забони машҳури оламро ҳамчунин аз ҳаёту фаъолияти нобиѓагони илму адабаш ва осори мондагори ба ин забон таълифгардида метавон қиёс намуд. Имрўзҳо дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил гардидани силсилаи муқаддасот ва арзишҳои милливу фарҳангӣ ифодагари сиёсати маънавибунёди Пешвои миллатамон ба ҳисоб рафта, маҳз ҳамин гуна муносибат ва арҷгузориро аз ҳар нафар фарди бедордил ва ватандўст тақозо менамояд. Забон барҳақ падидаи беназирест, ки рушду нумўи инсониятро бидуни он тасаввур кардан имкон надорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушду такомули забони давлатӣ, риояи қадр ва манзалати он таваҷҷўҳи пайваста зоҳир намуда, таъкид медоранд:
«Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрўз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огаҳӣ дошта бошанд».
Бо эҳтимоми Сарвари давлат эълон гардидани «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» аз намунаҳои барҷаста ва равшани гиромидошти ин арзиши бебаҳо маҳсуб гардида, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҷанбаҳои ҳуқуқии ташаккули забонро таъмин месозад. Дар ин замина, риояи меъёр, тозагӣ ва покии забони модарӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ вазифаи ҷонии истифодабарандагони ин забон аст. Масоили мавриди назар пайваста дар суханрониҳо ва сўҳбатҳои Пешвои миллат таъкид гардида, дар китоби тозанашри Сарвари давлатамон таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат» мавриди таҳқиқу пажўҳиши густурдаи илмӣ қарор гирифтааст.
Метавон тазаккур дод, ки омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад.
Дар тарбияи забономӯзии ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд устодони донишгоҳ низ масъулияти бештар дошта бошанд. Зеро забони тоҷикӣ дар тӯли чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯйёрӯӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи асили худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад.
Забони тоҷикӣ, ки дар рӯзгори шукӯҳу азамати давлати Сомониён дар қаламрави ин давлати муқтадир ба авҷи тараққӣ ва шукуфоӣ расида буд ва имрӯз бо ҳидоят ва раҳнамоиҳоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати тозабунёди мо ба асолат ва бузургии дигар шарафёб гардид. Эътибор, таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбари Давлат нисбати забони давлатӣ аз сиёсати меҳварӣ ва ояндабинии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз дар давлатдории навин мо ба асолати забони пуриқтидори хеш бармегардем. Забон дар тафовут аз забони омиёна ҳамеша омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати миллати мо буд ва минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.
Қобили қайд аст, ки шуруъ аз соли 2009 ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ин санаи таърихӣ ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳар яки Шумо – устодон ва донишҷӯёни арҷмандро бо Рӯзи забони давлатӣ самимона таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, саодатмандӣ ва комгориро орзумандам.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:676 нафар
баён кардани ахборот







