ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХӮРИИ СУДМАНД
2018-05-25

Имрӯз дар  факултети тарбияи ҷисмонӣ вохӯрии донишҷӯён бо мутахассиси пешбари  шуъбаи тарбияи донишгоҳ дотсент  М. Улмасов    гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ садорати факултет ва кураторони гурӯҳҳо иштирок намуданд.  М. Улмасов иштирокдоронро бо  нусхаи Протоколи  маҷлиси Ҳукумати ҶТ № 1  аз 18 январи соли 2018 «Бо мақсади  пешгирии хатари паҳншавӣ ва  оқибатҳои  ногувори  мубталошавии шаҳрвандон  ба бемории сироятии ВМНО /БПНМ тавассути пурзӯр кардани  корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар байни  аҳолӣ махсусан  ҷавонону наврасон дар донишгоҳҳо»  ва мактуби  Вазорати маориф ва илми  ҶТ аз 02.05.2018 № 05/5-2315,  № 05/5-579 аз 02.02.2018 шинос намуд.

Сипас,  омӯзгори  кафедраи   кори тиббӣ ва химия Б. Шодиев  дар  мавзӯи  «Пешгирии сироят гирифтани ҷавонон аз бемории ВНМО (СПИД),  гепатити А.В.С.Е, зуком»  баромад намуда, оқибатҳои бемории ВНМО (СПИД), гепатити А.В.С.Е, зукомро ба донишҷӯён фаҳмонид.  Дар охир навори  махсус оид ба ВНМО (СПИД) нишон дода  шуд ва донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои пурра гирифтанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:503 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар