ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ВИЧ-СПИД
2018-05-28

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар факултети забонҳои шарқ санаи 25-уми майи соли равон, дар мавзўи «Ҷавонон бар зидди бемории сирояткунандаи ВИЧ-СПИД, чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултети забонҳои шарқ дотсент И.Раҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи миллӣ оид ба муқовимат ва эпидемияи  вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 баромад карда,  суханро ба духтури оилавии маркази саломатии № 2 ва устоди  кафедраи  Анатомия, физиология, варзиш ва  мудофиаи гражданӣ –и  донишгоҳ М. Маҷидова  доданд. Мавсуф дар бораи хатарҳои Вируси норасоии масунияти одам ба донишҷўён  маълумот дода,  оид ба ин мавзўъ сўҳбат гузаронида, аз донишҷуён хоҳиш намуд, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошанд ва барои пешгирии ин беморӣ саҳми худро гузошта бошанд.                               

Баъдан аз тарафи донишҷӯён бобати ин мавзўъ тариқи маърўзаҳо баромад намуда, саҳначаҳо намоиш доданд.

Вохӯрӣ хело хотирмон ва судманд  гузашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:449 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар