ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ
2018-05-28

 Дирӯз  дар толори раёсати донишгоҳ ҷамъомади навбатии маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» дар мавзўи «Пироҳани миллӣ- рукни арзишманди худшиносии бонувон»  баргузор гардид. Дар маҳфил Зеварой  Бобоева   мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар ш.Хуҷанд, Р. Давлатзода  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ ва устодону донишӯён иштирок намуданд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ Раиси шўрои занони донишгоҳ  Раҷабова З. ҳусни оғоз бахшид. Ў қайд кард, ки ҷамъомади навбатии маҳфил ба Рўзи ҷавонон бахшида шудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, ки 23 –маи соли 1997 баргузор гардида буд, ҷавононро қувваи бузурги бунёдкор ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҳисобиданд. Маърўзаи сармуаллимаи кафедраи  психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ М. Раҳимова  шунида шуд. М. Раҳимова зимни  маърўзаи худ оид ба таърихи либоси тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикистониён  маълумоти мушаххас дод.

Дар қисми дуюми ҷамъомад аз тарафи донишҷўёни хобгоҳи №1 таҳти роҳбарии мураббии хобгоҳ  М. Усмонова барномҳои фарҳангӣ доир ба мавзўъ намоиш дода шуд.  Аз тарафи  донишҷўён  намоиши либосҳои миллӣ, шеъру суруд, рақсу саҳначаҳо ва номераҳои ҳаҷвӣ доир ба мавзўъ ба иштирокчиёни маҳфил пешкаш карда шуд. Маҳфил хеле хуб ва хотирмон гузашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:545 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар