ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ХУДРО АЗ БЕМОРИИ СПИД-ВНМО ЭМИН ДОРЕД
2018-05-28

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрӣ бо нозири гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ лейтенанти х.н.м.н. Аҳмадзода Ҷамшед Фаррух дар мавзӯи “Худро аз бемории СПИД-ВНМО эмин доред” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ва раёсати факултет, устодон  ва донишҷӯён иштирок доштанд. Вохӯриро мудири кафедраи забони олмонӣ Саидов М.М. ифтитоҳ намуда,   риштаи суханро ба лейтенанти х.н.м.н. Аҳмадзода Ҷамшед  дод.

Лейтенанти х.н.м.н. Аҳмадзода Ҷамшед  ҳолатҳои воқеии дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва алалхусус дар вилояти Суғд рухдодаро ба донишҷӯён нақл кард ва оқибатҳои ин ҳодисаҳоро фаҳмонд. Инчунин ӯ дар бораи ҳолатҳои сару кор доштан бо маводҳои нашъаовар ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсиятҳои бо он сару кор дошта мисолҳо овард. Мавзӯи терроризм ва экстремиз низ аз мадди назари лейтенант дур намонд. Ӯ дар ин мавзӯъ ҳам бо мисолҳои далелнок сухан ронда, ҷавононро аз шомил шудан ба чунин гурӯҳҳо ва даст задан ба корҳои ношоям ва оқибатҳои хатарноки онҳо огоҳ кард.

Дар анҷоми суханаш ӯ ба тамоми нишастагон бурдбориҳои ҳаёт ва ҳамеша ба сӯи фардои дурахшон бо дили пур ва нигоҳи нек нигаристанро таманно кард.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ барои донишҷӯён маводҳои муаррифӣ ва филмнаворҳои омодашударо намоиш дода, ба чорабинии тарбиявӣ ҳусни хотима бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил  

Аз назар гузарониданд:550 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар