ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ВИЛОЯТИИ МАГИСТРАНТОН ТАҲТИ УНВОНИ “МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ” БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА РӮЗИ ҶАВОНОН
2018-05-29

Санаҳои   24-25-уми соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти  унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия, ки дар толори Раёсати донишгоҳ санаи 24-уми май доир карда шуд, олимон, магистрантону докторантон ва олимони ҷавони мактабҳоии олии вилояти Суғд ширкат варзида, маърӯзаҳои илмии муҳаққиқони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Санаи 24-уми май тибқи барномаи конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти  унвони  “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон дар бинои таълимии №3 дар маҷмӯъ 14 бахши конференсия кори худро оғоз намуд. Дар бахшҳои амалкунандаи конференсия ҳамагӣ 110 маърӯзаҳои илмии магистрантону олимони  ҷавони  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи Ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон  пешкаш ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд.  

Худи ҳамон рӯз пас аз итмоми кори бахшҳо ҷаласаи хотимавии конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти  унвони  “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон баргузор гардид ва 40 нафар магистрантоне, ки маърӯзаҳояшон беҳтарин маҳсуб ёфта, арзиши баланди илмӣ доштанд, бо ифтихорномаҳои ректори донишгоҳ Ҷ.Ҷӯразода сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:504 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар