ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКАРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-05-29

Тибқи нақшаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар донишгоҳ  ва мувофиқа бо раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ректори донишгоҳ профессор Ҷуразода Ҷ.Ҳ. маҷлиси васеи раёсати кумитаи иҷроияи ибтидоии Б.Ғафуров дар назди Кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и ш. Хуҷанд бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияии ибтидоии Б. Ғафуров, ҳамчунин устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Маҷлис се масъаларо дарбар гирифта, ҳисоботи шашмоҳаи фаъолияти кори ташкилоти ибтидоии “Иттилоот” шунида шуд.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, дотсент Ӯғулой Умаралиева иброз намуд, ки моҳи ҷавонон аст, аз ин хотир мо ба маҷлиси васеи ҳизбӣ намояндагони фаъоли ҷавононро низ даъват кардем. Зеро чи тавре, ки дар ҳар баромаду суханрониҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон огоҳ ҳастанд “Ҷавонон-ояндаи миллатанд”, “Ҷавонон-нерӯи пешбарандаи Тоҷикистони навин” қарор доранд.

Сипас, аз рӯи масалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоии “Иттилоот” аз фаъолияти кори ташкилоти ибтидоӣ баромад карда, бурду бохти кори хеш дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

 

Ӯ иброз намуд, ки  ҷараёни қабул ба сафи ҳизб босуръат идома дорад. Дар охири  баромад оид ба норасоиҳои ҷузъии фаъолияти корӣ ибрози андеша намуда, афзуд, ки албатта дар ин самт корро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Пас аз баромади эшон лоиҳаи қарор қироат карда шуд, ки аз вазифагузориҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кори ташкилоти ибтидоӣ иборат буд.

 Дар ҳошияи суханронии Президенти мамлакат дар маросими ифтотоҳи конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомӯз” муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Б.Ғафуров, дотсент Ӯғулой Умаралиева дар мавзӯи “Ҷараёни ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм гузориш дод” баромад намуда, афзуд, ки Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар паёми хеш ба ин масъала таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир намуда,  таъкид дошта буданд: Рӯйдодҳои охирини ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизми хушунатомез ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо аз ҷумла ҳамсоякишвари мо –Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст, ҳамчунин иброз доштанд, ки аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёди иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада изҳори гаронӣ карданд”.

Пас аз баромаду гузориш байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Чанде аз  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷавонони фаъол фикру ақидаи худро иброз доштанд.  Пешниҳод ва интихоби вакилон ба конфиренсияи 21-уми Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гашт.

Дар фарҷоми маҷлис дастуру супоришҳои Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва Кумитаи иҷроияи марказӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Маҷлис бо вазифагузориҳо ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:637 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар