ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2018-05-29

Дирӯз дар толори  хобгоҳи №3 чорабини илмиву фарҳангии  бахшида ба моҳи ҷавонӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро мудири кафедраи геоэкалогия ва методикаи таълим Ғуфронов Д.Н. ҳусни оғоз бахшида,  қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Баъдан  саҳначаи тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд, ки ин ҳам бошад баҳри муттаҳид намудани ҷавонон ва насли ояндаи давлату миллати хеш бошанд. Ҳамунин қироати шеъру суруд чорабинии мазкурро боз ҳам рангинтар намуд.

 Дар охир чорабиниро  намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати донишгоҳ мутахасиси шуъбаи тарбия И. Ибрагимов сухан намуда, ҳамаи иштиракчиёнро бо «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон» аз номи Ректори донишгоҳ  табрик намуд ва  иштирокчиёни чорабини бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.  

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:562 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар