ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД
2018-05-29

Дар заминаи иҷрои супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории ВНМО ва дигар бемориҳои сироятшаванда  дирӯз дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология  мизи мудаввар зери унвони «Ҳифзи Ватан  аз ҳифзи саломатӣ оғоз мегирад» бо иштироки духтури шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Муҳаммидиев Раҳмонбердӣ ва донишҷӯёни ихтисоси экология ва агроэкология ташкил ва баргузор карда  шуд. Дар рафти мизи мудаввар мудири кафедра дотсент М. Собиров  ҳозиринро бо меҳмонон ва мавзӯи мизи мудаввар шинос намуд. Аз ҷониби Макази вилоятии мубориза бар зидди бемории ВМНО буклету маводҳои дигари тарғиботӣ ба донишҷӯён тақсим карда шуд. Духтури МНДС-и шаҳри Хуҷанд Р. Муҳаммидиев  оид ба намудҳои бемориҳои сироятӣ, аз қабили изҳоли хунин, тифи шикам, зардпарвини А,В,С,Д, бемориҳои шадиди рӯдаю меъда ва ВНМО, доир ба   пайдоиш, паҳншавӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан дар бораи оқибати вазнини бемориҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Донишҷӯён  доир ба бемориҳои сироятшаванда  бо суолҳо муроҷит намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.  Муҳаммидиев Р. ба донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода, изҳор намуд, ки ҳар як фардро мебояд, ки барои ҳифзи саломатии омма дар сатҳи факултет ва маҳалҳои зисти худ чораҷӯӣ намоянд. Мизи мудаввар бо иштироки зиёда аз 60-нафар устодону донишҷӯён ва дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Донишҷӯён дар хотимаи мизи мудаввар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ арзи сипос намуда, омодагии хешро ҷиҳати тарғиби донишҳои омӯхтаашон дар байни аҳли ҷомеа ақидаҳои хешро баён карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:596 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар