ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БЕҲТАРГАРДОНИИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ ТАВАССУТИ ОМОДА НАМУДАНИ ОМЎЗГОРОН ВА МЕТОДҲОИ НАВИ ПАДАГОГӢ ДАР РУССИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
2017-10-04

Чунин унвон дорад лоиҳаи наве ки  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Эразмус + дастгирӣ ёфт ва донишгоҳи мо дар он чун яке аз ташаббускорон ва ҳакори боэътимод ширкат менамояд.  
Озмуни ташкилоти мазкур моҳи октябр соли гузашта оғоз гардида, то 9-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта буд,. Дар ин муддат бо талошҳои пайвастаи кормандони шўъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ба мо муяссар гардид, ки дар 7 лоиҳаҳои дастаъҷамона ширкат варзем. Яке аз ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия ва якқатор донишгоҳои ватаниву хориҷӣ  доир ба беҳтаргардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави падагогӣ дар Руссия ва Тоҷикистон (ERASMUS +EXTEND) таҳия карда шуда буд.
Дар ҷараёни дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия нақши ҳамаҳангсози кул ва 3 донишгоҳҳои бонуфузи дигари Иттиҳоди Аврупо аз қабли Донишгоҳи Техникии Ригаи Латвия, Донишгоҳи Минҳои Португалия ва Донишгоҳи Астони Англия  ба сифати донишгоҳои ёвар,  4 донишгоҳ аз Федератсияи Росия -  Донишгоҳи давлати техникии Москва ба номаи Н. Э. Бауман ба сифати ҳамоҳангсози минтақавӣ ва   донишгоҳҳои дигар аз қабли Маркази  миллии тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Мордовия ба номи Н.П. Огарева, Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи  Г.И. Носова ва Донишгоҳи давлатии сохтумонии Москва ва 4 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон-Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи далатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ ширкат меварзанд. 
Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа дар 8 донишгоҳҳои ҳамкор марказҳои махсусгардонидашуда барои гузаронидани семинарҳо, вебинарҳо, курсҳои омўзишии фосилавӣ, интернет- конфронсҳо ва ғайра таьсис дода шуда, ин марказҳо ба таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳазонида хоҳад шуд.  Гузашта аз ин, ин марказҳо бо ҳам пайваст  карда шуда, шабакаи ягонаи умимӣ байни 12 донишгоҳ фаъолият хоҳад бурд. 
Давомнокии лоиҳа 3 сол буда, инчунин барои харидории таҷҳизотҳо ба марказҳо дар 8 донишгоҳҳои ҳамкор  ба  нақша  гирифта шудааст.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:483 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар