ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД
2018-05-31

Чӣ хеле ки маълум аст, дар саросари Тоҷикистон моҳи май “Иди Ҷавонон” кайд карда мешавад, ки ин як шукӯҳу шаҳомати ҷавонони халқи тоҷик буда, аз осоишу ободии Ватан дарак медиҳад.

Дирӯз  дар факултети забонҳои хориҷӣ аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳои 202 ва 102 бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ З. Набиҷонова чорабинӣ таҳти унвони “Ҷавонон ояндаи миллатанд” бахшида ба мубориза бар зидди ВНМО гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раёсати факултет, мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯён факултет  иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯён дар мавзӯъҳои  пешнигирии бемории ВНМО баромад намуданд, ҳамчунин қироати  шеърҳо ва гуфторҳо дар васфи Ватан ва ҷавонӣ,  саҳнаҳои тарбиявӣ гузошта, таъби тамошобинонро болида гардониданд.  

Дар охир мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ н.и.ф. Азимова С.Р. баромад намуда,  ба маърӯзачиён ва иштирокчиён баҳои баланд дод. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ  тарбия намудани ҷавонон мусоидат мекунад.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:486 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар