ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУЛОҚОТИ САРДОРИ ШУЪБАИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НЕЪМАТЗОДА ДИЛШОД ЗАРИФӢ БО УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ
2018-06-01

Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия имрӯз дар толори калони раёсати донишгоҳ вохӯрӣ бо сардори шуъбаи раёсати агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии тоҷикистон  дар вилояти Суғд Неъматзода Дилшод Зарифӣ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Р. Давлатзода, мудирони шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва муовинҳои онҳо, устодон иштирок намуднанд.  Вохӯриро муовинии рекктор оид ба корҳои тарбия дотсент Р. Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад намуда, қайд намуданд, ки  “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.  Сипас, сардори шуъбаи раёсати агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии тоҷикистон  дар вилояти Суғд Неъматзода Дилшод Зарифӣ баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки мақсад аз  баргузории мулоқоти мазкур дар пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин гуна амалҳо мебошад.

Қобили қайд аст, ки тибқи таҳлилҳои Ташкилоти байналмилалии “Transparency International” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори зиёда аз 170 давлати дунё соли 2007 дар самти дарки коррупсия дар зинаи 160-ум қарор дошта, дар соли 2015 ҷумҳурӣ дар зинаи 136-ум арзёбӣ гардидааст, ки ин маълумотҳо аз зина ба зина паст гаштани шиддати коррупсия дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

Дар охири мулоқот Дилшод Зарифӣ  устодону донишҷӯёни донишгоҳро даъват ба амал овард, ки аз ҳолатҳои нохуши коррупсионӣ худро  нигоҳ дошта,  то кӯшиш  намоянд муқовимати шаддидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзӯр гардонанд.  

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:633 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар