ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИШТИРОК БА ДАРС
2018-06-01

Иштирок ба дарсҳои омўзгорон бо мақсади  шиносоӣ ва баҳрабардорӣ аз маҳорату малака ва таҷрибаи устодони собиқадор, ҳамчунин ҷиҳати расонидани ёрии методӣ ба омўзгорони ҷавон сурат мегирад. Иштироки мунтазам ба дарсҳои ҳамдигар боиси беҳдошти  раванди таълим ва таъмини сифат, татбиқи ҳадафҳои меъёрӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда, бавуҷудории муҳити босифати таҳсилот ва бадастории натиҷаҳои босифати таълим мегардад.  Аз ин рў, дар донишгоҳ иштирок ба дарсҳо омўзгорон бо ду роҳ  сурат мегирад. Тибқи ҷадвали қаблан мураттабшуда, ки аз ҷониби масъулин тасдиқ гардидааст. Он ҳамчун дарси кушод маъмул аст. Иштироки озод, ки ҷиҳати такмили касбияти омўзгорон таъсир мерасонад. Ин навъро иштирок ба дарси ҳамдигар унвон кардаанд.

Дарси кушоди намунавӣ барои ишғоли вазифаҳои гуногун.

Бо ҳамин мақсад дирӯз ректори донишгоҳ профессор Ҷ.Ҷӯразода  ба дарсҳои якчанд устодони факултетҳо ширкат варзид. Ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода дар дасрҳои устодони ҷавони факултетҳои математика, педагогӣ, забонҳои хориҷӣ ва биология- химия иштирок намуда, барои омӯзгорони ҷавон оиб ба беҳтар намудани сифати таълим якчанд пешниҳодҳо кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:684 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар