ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДАР РОҲИ ҲИФЗИ ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
2018-06-06

Таърихи беш аз 26 солаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми кишвар, сабақҳои омӯзандаеро маълум намудааст. Дар навбати аввал, нуктаи муҳим он аст, ки истиқлолият – гавҳари бебаҳои таърихӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.Хоса, рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар аллакай душманони миллат, ки аз рӯи дастури хоҷагони хориҷии хеш амал намуда, мехостанд, Тоҷикистони тоазистиқлолро пора созанд, мардумро ба ду сангари муқобили ҳам дар сурати майдонҳои мухталиф кашониданд. Бештар аз ҳама дар майдони “Шаҳидон”, ки онро Ҳизби наҳзати ислом ва ҳамраъйу ҳаммаслаконаш пуштибонӣ менамуд, мехостанд, ҷавонон, хоса донишҷӯёнро ба доми фиреби худ афтонида бо ҳар роҳу васила ин нерӯи пешбарандаро ба ин майдон кашида, қурбони ақидаву афкори номатлуби хеш созанд. Бар асари ин рухдодҳо беназмиҳое дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла фаъолияти таълимии донишгоҳу донишкадаҳо низ оғоз гардида, ҳатто гурӯҳе аз донишҷӯён таҳти фишори омилҳои мухталиф, аз ҷумла фирефтаи ғояву ақидаҳои гурӯҳҳои мазкур шудан ба майдонҳо пайвастанд. Ҳарчанд мардум аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои пешгирӣ аз вазъи ба амаломада норозӣ ва мухолифати хешро нишон дода, аз ин нерӯҳои тафриқаангез хостори қатъи майдоннишинӣ ва иҷозаи фаъолият ба ҳукумати конситутсонии кишвар менамуданд, аммо бо ҳар роҳу восита боз ҳам гурӯҳҳои тобеи ғояҳои бунёди “давлати исломӣ” пайваста дар фикри ноором кардани вазъият буданд. Дар натиҷаи мушкилии авзои сиёсӣ дар моҳи майи соли 1992 нерӯҳои манфиатхоҳ аз ин майдонкашиҳои мардум ба сӯи бародарони хунии худ, ҳаммиҳанони хеш тир кушоянд. Натиҷаи авҷ гирифтани ҳолати мазкур ва ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ дар моҳи майи соли 1992 боис шуд, ки нерӯҳои манфиатхоҳ аз ин майдонкашиҳои мардум ба сӯи бародарони хунии худ, ҳаммиҳанони хеш тир кушоянд ва дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. 
Дар чунин рӯзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз буд, ки гурӯҳе аз вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими қатъӣ гирифтанд, ки бояд Иҷлосияи шонзадҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, пеши роҳи ҳамаи ин нобасомониҳо гирифта шавад. Ҳамин тавр, ба саодати мардуми кишвар 16 ноябри соли 1992 кори иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Шукрона, ки баъд аз интихоб шудани фарзанди ватандӯст ва бонангу ори халқи тоҷик, Пешвои ҳақиқии миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият ба куллӣ дигаргун шуд. Ин ҳолат аз рафти баргузории иҷлосия ҳам равшан буд. Вақте Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз минбари ин анҷумани бузург ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар баробари даъват ба ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ ва хомӯш намудани оташи кинаву адоват ва тантана бахшидан ба сулҳу оштӣ қасам ёд намуданд, ки: “тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Бо имзои созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати дурнигарона ва ояндасозонаи хеш барои таъмини демократия ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд роҳ кушоданд. Дар натиҷа ҳатто барои ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти қонунгузор ҷалб намудани намояндагони мухолиф иқдомот аз сар гирифта шуд. Давоми 15 сол баъд аз таъсиси Маҷлиси дупалатагии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бевосита худи Муҳиддин Кабирӣ низ дар курсии вакилӣ нишастанд, аммо ин давраи фаъолият нишон дод, ки ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат нисбати тамоми ҳизбҳои сиёсӣ озодӣ, баробариро таъмин намуданд, ин гурӯҳҳо на танҳо коре барои пешрафти ҷомеа накарданд, балки ба таври пинҳонӣ барои амалӣ намудани ҳамон ҳадафҳои нопоки хеш нақша кашида, дастури хоҷагони хориҷии хешро иҷро мекунанд. Баробари шикаст дар интихоботи соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ худ ба хориҷи кишвар фирор намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш оғоз намуд. Чеҳраи аслии ӯ ва ҳаммаслакони дигараш аз ТЭТ ҲНИТ дар як фурсати кутоҳ ошкор гардид, ки натиҷаи ошӯби генерал Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 баёнгари воқеияти ин ҳол аст.
Ҳамакнун, аъзои ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷ аз кишвар бо ташкили ҳар гуна ҳамоиш ва гирдиҳамоишҳо, анҷуманҳо ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно сару садоҳои баланд намуда, нисбати Тоҷикистон бадгӯиҳо мекунанд. Ин гурӯҳ аз ҷумла мехоҳанд боз ҳам ҳангомаҳои навбатиеро доир карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат ба раванди сулҳ айбдор намояд. Барои ҳар нафар тоҷики бонангу ор ва ҳатто ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз равшан аст, ки сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама маҳсули талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳатто барои расидан ба ин рӯзи саодатофар ҷони худро ба хатар гузошта, ҳатто ба кишвари ҳамсояи Афғонистон новобаста ба мушкилоти сиёсӣ ва ташаннуҷи вазъият сафар намуданд. Маҳсули ин талошҳо буд, ки дар натиҷаи имзои созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ тамоми мухолифини давлат бахшида шуда, ҳатто ин мафҳум ба хотири таъмини суботи кишвар аз миён бардошта шуд. Тавре таъкид гардид, кисмати зиёди намояндагони мухолифин бо вазифаҳои муайяни давлатӣ таъмин гардиданд ва аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ се навбат ба курсии Вакили Маҷлиси намояндагон нишаста буд. 
Аммо гузашти замон нишон дод, ки ин гурӯҳҳо, ки оромиш ва сулҳу суботи Тоҷикистонро нодида мегиранд, боз ҳам бо мавқеъи хоҷагони хориҷии хеш ҳаргуна сару садоҳоро дар дохили кишвар баланд намуда, оқибат даст ба ошӯб заданд. Ин ҷо акнун ба ин мавзӯъ бо чашми ақл назар афканд, ки маҳзи худи ҳамин гурӯҳҳо, ки фазои осудаи Тоҷикистонро намехостанд, сирати аслии хешро нишон доданд ва ҳамакнун дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони худ ба бадномкунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватани азизи худ машғуланд. Имрӯз мо шукргузорем, ки воқеяти таърихиро халқи шарифи Тоҷикистон ба дурустӣ дарк намуда, фирефтаи ин афкори носолим намешавад. Ҳатто ононе, ки як замон аз сабаби гумроҳӣ ба ин Ҳизб шомил шуда буданд, баробари баромадан аз сафи он бо дарки воқеияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имрӯз барои пешрафти давлату миллат содиқона хидмат карда истодааст.Хос, онҳое, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба қавли худ устувор мондаву ҳамин роҳи сулҳу оромиш ва таҳкими ваҳдати миллиро пеш гирифтанд, то охир дар ин роҳ содиқона қадам заданд ва имрӯз ҳам қадам мегузоранд. Баръакс, имрӯз ҳам онҳое чунин суханонро нисбат ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки худашон ба аҳдномаи сулҳ вафо накарданд ва дубора бо дастури хоҷагонашон ба хотири халал расонидан ба раванди сулҳ даст ба ошӯб ва ҳаракатҳои мусаллаҳона заданд. Аз ин рӯ, ин ҳама сару садоҳои гурӯҳҳои ба ном муҳоҷири сиёсӣ танҳо як бадномкуние нисбат ба Ватану миллат ва давлати хеш аст, ки аз дур истода ҳарф мезананд, дар ҳоле, ки худ пеш аз ҳама ин аҳдномаи сулҳро вайрон намуданд. Дар баробари ин вақтҳои охир эҳсос мешавад, ки аксари аъзои собиқи ТЭТ ҲНИТ низ амалҳои роҳбари он Муҳиддин Кабириро инкор намуда, аз пушаймон будани хеш ҳарф мезананд, ки фирефтаи суханони роҳбарияти ин ҳизб гардиданд. Аз сӯи дигар, гурӯҳе аз дигар ҳаммаслаконашон низ ба ақидаҳои намояндагони ҲНИТ мухолифат нишон медиҳанд ва сар задани чунин нобовариҳо дар дохили онҳо худ гувоҳ бар он аст,ки акнун ақидаҳои муғризонаашонро ҳамроҳонашон низ дарк кардаанд. 
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Асосгузори воқеии сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо ҳамон маром ва садоқати хеш ба қавлу амал ва нишондодҳои аҳдомаи сулҳ ва ризояти миллӣ қадам мезанад ва ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва тантанаи ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистони азиз мебошад. Имрӯз сиёсадмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ ҳам сулҳи Тоҷикистонро дар симои меъмори он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эътироф намуда, ҳатто онро намуна барои таъмини субот дар кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба ҷанг эълон карданд, ки ин баҳои бузург ба фаъолияти сулҳофаринии роҳбари давлат ва меъмори ҳақиқи ваҳдати миллат мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамакнун як бор дар сароғози соҳибистиқлолии хеш қурбони ин фитнаву дасисаҳои онҳо гардида чеҳраи аслии онҳоро шинохт ва бо эътимод ба давлату ҳукумат, хоса ормонҳои Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Сокинони Тоҷикистон чун симои аслии ин бадхоҳони миллат ва давлатро шинохтаанд, дигар ҳаргиз аз ғояву ақидаҳои номатлуби онҳо пайравӣ намекунанд, балки сулҳу субот ва оромишро, ки бар ивази ҷонбозиҳои фаровоне ба даст омадааст, дар мамлакат ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва эҳтиром мекунанд.

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд. Пешвои миллат барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад. 

Нуралӣ Нурзод

Аз назар гузарониданд:502 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар