ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД
2018-06-12

Бузургдошт ва эҳтироми хотираи бузургмардони наҷиб ва донишмандону  фарзонагони миллати тоҷик  яке аз самтҳои муҳими сиёсати маърифатгарои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки дар марҳилаи таърихи навини кишвари маҳбуби мо бо бузургдошти шахсиятҳои  барҷастаи миллат  ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар партави  ин сиёсати маърифатгаро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров низ бузургдошти абармардони илму маориф ва эҳтироми хотираи наҷиби онҳо дубора эҳё  гардида,  мунтазам ҷараён  мегирад. 

Имрӯз бо ҳамин мақсад дар толори раёсати донишгоҳ маҳфили ёдбуд ба муносибати 80- солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи  Академияи  муҳандисони  ҶТ ва Русия, профессор Рабеҷонов Набиҷон  баргузор гардид.

Дар маҳфил  ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода, муовини ректор оид ба корҳои таълим профессор А. Раҳимов, муовини ректор оид ба илм ва иноватсия профессор Х. Сабуров, ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони  профессор Рабеҷонов Набиҷон  ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода  оғоз намуда, қайд кард:  “Ба ҳамагон маълум аст, ки дар донишгоҳи  мо шахсиятҳои муътабари илму маориф, фарҳангу сиёсат ва  намояндагони соҳаҳои мухталифи   ҷомеа фаъолият дошта,  дар таҳкими илму маърифати кишвар саҳми намоён гузоштаанд. Кору пайкор ва шахсияти мондагори он бузургмардон моро водор месозад, ки аз таҷрибаи рўзгор ва маърифати баланди эшон дубора ёдовар шавем, ки  рисолати ворисият ва инсонии мо мебошад”.     

Доктори илмҳои техникӣ, профессор Набиҷон Рабеҷонов аз шумори ҳамин гуна шахсиятҳои фидоии илм буда, дар густариши илмҳои дақиқ дар қаламрави вилоят саҳми намоён гузоштааст. Ў дастпарвари мактаби бузург ва муътабари илмии шаҳри Маскав буда, бо фарогирии дониши пурвусъат ва таҷрибаи сатҳи баланди олимони ҷаҳонӣ  ба кишвараш меояд ва хушбахтона як марҳилаи корномаи илмиву таълимиаш ба донишгоҳи мо иртибот мегирад.

Ҳамчунин  маърӯзаҳо аз ҳаёт ва фаъолияти профессор Набиҷон Рабеҷонов аз тарафи  шогирдони устод шунида шуд.

Боиси  истиқбол  аст, дар замоне, ки ҳанўз технологияи инноватсионӣ дар марҳилаи ташаккул қарор  дошт ва сомонаҳои интернетиву  расонаҳои иҷтимоӣ  вуҷуд надоштанд,  Набиҷон Рабиҷонов ба донишҷўён перомуни  омўзиш ва татбиқи кибернетика дар таълиму тарбия  ва дониши технологияҳои инноватсионӣ сухан мегуфт.

Маҳфил бо суханронии пайвандони устод ба аҷом расид.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:553 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар